МАҶЛИСИ ШӮРОИ АМНИЯТИ СММ
Ню — Йорк, 11 январ. (АМИТ «Ховар» — риан.ру). – 13 январ дар Ню – Йорк маҷлиси навбатии Шӯрои амнияти СММ дар мавзӯи ҳамкории созмонҳои минтақавӣ дар таъмини сулҳу амнияти саросари ҷаҳон баргузор мегардад. Дар он роҳбарони созмонҳои калонтарини байналхалқию минтақавӣ, аз ҷумла, НАТО, САҲА ва созмонҳои дигар, инчунин муншии умумии СММ ширкат меварзанд. Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа имрӯз барои иштирок дар маҷлиси мазкур ба Ню – Йорк рафт. Вай ғайр аз иштирок дар маҷлиси Шӯрои амният, бо муншии умумии СММ Пан Ги Мун ва муовини ӯ дар масъалаҳои сиёсӣ Линн Песку ва роҳбари Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амният мулоқот хоҳад кард. Яке аз мавзӯъҳои марказии рӯзномаи маҷлисро вазъияти Афғонистон ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






