МАҶЛИСИ ШӮРОИ АМНИЯТИ СММ

Январь 11, 2010 12:50

                 Ню — Йорк, 11 январ. (АМИТ «Ховар» — риан.ру). – 13 январ дар Ню – Йорк маҷлиси навбатии Шӯрои амнияти СММ дар мавзӯи ҳамкории созмонҳои минтақавӣ дар таъмини сулҳу амнияти саросари ҷаҳон баргузор мегардад. Дар он роҳбарони созмонҳои калонтарини байналхалқию минтақавӣ, аз ҷумла, НАТО, САҲА ва созмонҳои дигар, инчунин муншии умумии СММ ширкат меварзанд.                    Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа имрӯз барои иштирок дар маҷлиси мазкур ба Ню – Йорк рафт. Вай ғайр аз иштирок дар маҷлиси Шӯрои амният, бо муншии умумии СММ Пан Ги Мун ва муовини ӯ дар масъалаҳои сиёсӣ Линн Песку ва роҳбари Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амният мулоқот хоҳад кард. Яке аз мавзӯъҳои марказии рӯзномаи маҷлисро вазъияти Афғонистон ташкил медиҳад.

Январь 11, 2010 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид