МАШВАРАТИ НАХУСТИНИ РАИСИ ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА
Қӯрғонтеппа, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев дирӯз бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр машварати нахустин гузаронд. Ш.Самиев ба журналистон хабар дод, ки вай роҳбарони корхонаю муассисаҳоро даъват намудааст, то ба ҳалли проблемаҳои муҳимтарини ҳаёти шаҳр диққати асосӣ диҳанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дирӯз дар бораи ҷудо кардани 80 ҳазор сомонӣ барои беҳтар сохтани фаъолияти дастаи футболи «Вахш» — и шаҳри Қӯрғонтеппа дастур имзо кард. Қайд карда шуд, ки минбаъд ҳам барои дастгирии варзиш дар шаҳр тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Ш.Самиев ба хабарнигорон гуфт, ки аллакай бо баъзе проблемаҳои шаҳр шинос гардидааст ва рӯзҳои наздик бо аҳолӣ мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Бо ин мақсад дар маҳаллаҳои шаҳр сӯҳбату мулоқотҳо ташкил карда мешаванд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа вазъияту ҳолати номусоиди роҳҳои мошингард, сари вақт набаровардани ахлот ва истгоҳҳои бетартибонаи мошинҳоро дар атрофи бозори марказӣ аз ҷумлаи проблемаҳои асосӣ номида, зикр кард, ки барои ҳалли онҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Ш.Самиев ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ солҳои 90 — уми асри гузашта дар вазифаи муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа кор кардааст ва бо проблемаҳои шаҳр шинос мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ш. Самиев бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъин гардид.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






