НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ «ТОҶИК ЭЙР»

Январь 21, 2010 16:11

                   Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 20 январ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик Эйр» бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.                     Директори генералии корхона Алимурод Маҳмадалиев нишасти матбуотиро оғоз намуда, зикр кард, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон соли гузашта як миллиону 238 ҳазор мусофир кашонданд. Ин нисбат ба соли 2008 — ум 114 ҳазор мусофир кам аст. Ширкатҳои миллии ҳавопаймоӣ дар ин муддат ба 731 ҳазор мусофир хизмат расонданд.                     Саҳми муассисаи ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар соҳаи кашондани мусофирон 47,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҳавопаймоҳои ширкат соли гузашта дар дохили мамлакат 587 ҳазор мусофир кашондаанд.                      Ҳавопаймоҳои корхона соли 2009 дар роҳҳои ҳавоии байналхалқӣ ба 421,7 ҳазор мусофир хизмат расонданд, ки нисбат ба соли 2008 – ум 3,1 фоиз зиёд мебошад. Дар роҳҳои ҳавоии дохили мамлакат 165,3 ҳазор мусофир кашонда шуд, ки аз соли гузашта хеле кам аст. Сабаби кам шудани мусофирон ҳамин аст, ки ҳавопаймоҳо ба шаҳри Хоруғ бо сабаби номусоидии вазъи ҳаво ниҳоят кам парвоз мекуннд ва дар самти Панҷакент шумораи мусофирон кам аст.                       Ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр» соли гузашта 1643 тонна почта ва молҳои дигарро кашондаанд. Соли 2009 ҳавопаймоҳои 19 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ, аз ҷумла, 10 ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Русия ба Тоҷикистон парвоз карданд.                        А.Маҳмадалиев афзуд, ки хароҷоти парвози ҳавопаймоҳо дар дохили мамлакат бо назардошти арзиши хизматҳои майдонҳои ҳавоӣ, таъмини бехатарии парвозҳо ва нокифоя будани миқдори мусофирон аз бисёр ҷиҳат зиёновар мебошад. Бо вуҷуди ин барои таъмини ҳавопаймоҳо ва чархболҳои сохти Русия дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, соли гузашта двигателҳои ҳавопаймоҳои мусофирбари ТУ – 154, чархболҳои Ми – 8 ва ғайра тармим карда шуданд. Соли гузашта корхона ду ҳавопваймои мусофирбари «Боинг» — ро аз ширкатҳои хориҷӣ барои истифодаи дарозмуддат ба иҷора гирифт.                      Қайд карда шуд, ки айни ҳол масъалаи кушодани роҳҳои нави ҳавоӣ ба Украина, Белорусия, Ҳиндустон ва Покистон муҳокима карда мешаванд.                     Кормандони «Тоҷик Эйр» дар сохтмони НБО «Роғун» саҳми калон мегузоранд. Аз ҳисоби даромади корхона ба суратҳисоби сохтмони Роғун дар давоми соли 2010 — ум 10 миллион доллари ИМА гузаронида мешавад. Аз ин маблағ аллакай як миллион сомонӣ гузаронида шуд. Инчунин кормандони корхона қарор доданд, ки бо маблағи маоши якмоҳаашон саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро харанд, гуфт дар хотима А.Маҳмадалиев.

Январь 21, 2010 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд