НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТУ АЛОҚА
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат ва муассисаҳои тобеи он дар соли 2009 ва нақшаҳои соли 2010 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ вазири нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ Олимҷон Бобоев, роҳбарони раёсатҳо ва мутахассисони соҳавӣ ширкат варзиданд. Қайд карда шуд, ки соли 2009 ба воситаи ҳамаи навъҳои нақлиёт 19 миллиону 587 ҳазор тонна мол кашонда шуд. Ин нисбат ба соли 2008 – ум 101,9 фоиз зиёд мебошад. Ба воситаи нақлиёт дар соли гузашта 155 миллиону 344 ҳазор мусофир кашонда шуд, ки нисбат ба соли 2008 хеле зиёд мебошад. Соли гузашта танҳо ба воситаи нақлиёти автомобил 5 миллиону 39 ҳазор тонна мол ва 153 миллиону 904 ҳазор мусофир кашонда шуд. Соли 2009 ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ 727 ҳазору 200 мусофир кашонда шудааст, ки нисбат ба соли 2008 – ум 18 фоиз зиёд аст. О.Бобоев фаъолияти хуби Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» — ро дар соли гузашта махсус таъкид намуд. Маблағи даромади корхона соли гузашта 600 ҳазор сомонӣ афзуд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба зиёд гардидани воситаҳои нақлиёти автомобил дар мамлакат диққати махсус дода шуд. Зикр шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 320 ҳазор адад воситаи нақлиёти автомобил мавҷуд аст. Аз ин миқдор 46 ҳазор нақлиёти автомобил ба шаҳри Душанбе рост меояд. Айни ҳол масъалаи ҷорӣ намудани тартиби истифодаи воситаҳои нақлиёт дар пойтахти мамлакат ба миён омадааст. Вазир изҳор намуд, ки истифодаи воситаҳои кӯҳнаю фарсудашудаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ояндаи наздик манъ карда хоҳад шуд. Ин воситаҳои нақлиёт баъди тармим карда шуданашон ба минтақаҳои дигар фиристода мешаванд. О.Бобоев изҳор намуд, ки айни ҳол тармиму таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат шурӯъ шудааст. Инчунин ояндаи наздик сохтмони туннели «Лавари» оғоз меёбад, ки дарозии он 110 километр буда, Тоҷикистонро ба воситаи Афғонистон ба Покистон мепайвандад. Ҳоло дар бораи сохтмони туннели мазкур бо роҳбарони Афғонистон гуфтушунид карда мешавад, гуфт вазир.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






