СЕМИНАРИ ҲАВАСМАНДКУНӢ
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз дар «Кохи Ваҳдат» бо ташаббуси Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар ҶТ ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Рушди тиҷорати хурд» семинар доир мегардад. Бино ба гуфти намояндаи Кумитаи имдод Имом Хумайнӣ дар ҶТ Саидҷавод Разавӣ, дар баргузории семинар олимони намоёни соҳаи иқтисод ва сиёсати Тоҷикистону Эрон, ҳамчунин коршиносони шинохта ширкат меварзанд. Дар назар аст, ки иштирокдорони семинар масъалаҳои муҳимеро оид ба ҳалли мушкилоти оилаҳои камбизоат ва кӯмакҳои равонӣ ба ин тоифа оилаҳо, ҳавасманд намудани онҳо дар кори тиҷорат мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






