ТАНОСУБИ ГАРДИШИ МОЛ ДАР СОЛИ 2009
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Таносуби гардиши мол дар сектори савдои ғайридавлатӣ дар моҳҳои январ – ноябри соли 2009 – ум 98,8 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил дод. Ҳаҷми умумии гардиши мол дар савдои чаканаи бозорҳо ва дигар сохторҳои тиҷоратӣ 4730,7 млн. сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Аз он ҷумла фуруши мол дар бозорҳои озуқаворӣ ва ашёи омехтаи ҷумҳурӣ 2670,6 млн. сомонӣ ё ба андозаи 54,7 фоизи ҳаҷми умумии гардиши молро ташкил дод. Дар ин давра ба маблағи 509,1 млн. сомонӣ чорвои зинда, 206,6 млн. сомонӣ автомобилҳои боркаш ва сабукрав, 420,0 млн. сомонӣ махсулоти нафтӣ ва ба маблағи 924, 4 млн. сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






