ҚОНУН ДАР БОРАИ АВФИ ШАҲРВАНДОН ИМЗО ШУД

Февраль 25, 2010 07:34

24 феврали соли 2010 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 феврали соли равон қабул гардидааст ба имзо расид.  Қонуни номбурда бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, сиёсати қарзию пулӣ ва ҷалби маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои алтернативӣ барои сохтмони иншооти бузурги тақдирсоз «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» қабул карда шуда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат анҷом дода шудани амали истисноии якдафъаина оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон, ки барои харидории саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» истифода шудаанд ва ё аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол дода шудаанд, муайян менамояд. Мутобиқи қонуни зикргардида амали он нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағҳои пулии худро мутобиқи қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» истифода кардаанд ва ё аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол додаанд паҳн мегардад. Тибқи талаботи қонуни мазкур шахсони ҳуқуқие, ки фонди оинномавиашон ба моликияти муштараки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ асос ёфтаанд, ҳуқуқ доранд саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун»-ро харидорӣ намоянд ва амали қонуни мазкур нисбати онҳо низ паҳн мегардад. Вобаста ба ин давлат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки маблағҳои пулии худро қонунӣ мегардонанд, кафолат дода, бо тартиби муқарраргардида онҳоро авф менамояд ва аз ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузорӣ озод менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 25, 2010 07:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард