ҲУҶУМИ ҒОРАТГАРОНА БА ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонқул Саломов, ки дар вилояти Маскав кору зиндагӣ мекунад, ба намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳоҷират дар Федератсияи Русия муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ба ӯ ёрии хуқуқӣ расонанд. Тавре муқаррар карда шуд, шаби 8 январи соли 2010 се нафар шахси номаълум ба хонаи истиқоматии Р.Саломов, ки дар кӯчаи Советскаяи деҳкадаи Хлебниковои шаҳри Долгопруднии вилояти Маскав воқеъ аст, бо роҳи шикастани дари он зада даромада, худро кормандони муассисаи муҳоҷират номида, талаб карданд, ки ба онҳо пул диҳад. Ғоратгарон Р.Саломовро лату кӯб карда, ба сар, рӯй, китфи чап ва пои чапаш бо корд якчанд зарба заданд. Онҳо тамоми асбобу анҷоми қиматбаҳои дар хона буда, инчунин 132 ҳазор рубл, ҳуҷҷатҳои соҳиби хона ва шиносномаи хеши ӯ — шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шомурод Мӯъминовро бо зӯрӣ кашида гирифта, атрофи хонаро бензин рехта, худи Р.Саломовро дар дохили он маҳкам карда, оташ заданд ва ба мошини сабукрави «Жигули» савор шуда, ба тарафи номаълум ғайб заданд. Ба Р.Саломов муяссар гардид, ки аз хонаи оташгирифта, баромада ба шифохонаи маҳаллӣ равад, вале кормандони шифохона ба ӯ кӯмаки аввалини тиббӣ нарасонданд. Р.Саломов танҳо баъди дахолати кормандони Намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва сӯҳбати онҳо бо мақомоти салоҳиятдори шаҳри Долгопрудний бо мушоияти корманди намояндагӣ, капитани милиса Акмал Махсумов ба шӯъбаи шикастабандии шифохонаи клиникии шаҳри Долгопрудний қабул карда шуд. Котиби матбуоти Намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Дилбар Хоҷаева ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Р.Саломов айни ҳол аз шифохона ҷавоб шудааст. Аз рӯи ин воқеа нисбати яке аз шахсони дар содир кардани ҷинояти мазкур гумонбар, шаҳрванди Федератсияи Русия Александр Машинин парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Воқеаро шӯъбаи тафтишоти ШКД шаҳри Долгопрудний тафтиш менамояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






