480 ГР АФЮН ДАРЁФТ КАРДА ШУД
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷониби кормандони шӯъбаи Агентии бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори ноҳия Истаравшан, 9 феврали соли ҷорӣ ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Эҳром Ашӯров, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи ноҳияи Истаравшан дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисааш як бастача дарёфт карда шуд. Мувофиқи маълумотнома маводи навъи афюн буда, вазнаш 480 граммро ташкил медиҳад. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд. Тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






