БАРНОМАИ НАВИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ДАРАҶАИ МАГИСТР

Февраль 8, 2010 11:26

Душанбе,  8 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). – Ҳукумати  Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  эълон  кард, ки   соли  2010  дар Тоҷикистон Барномаи  алоҳидаи   маълумоти  ҳуқуқӣ  ва  рушд  амалӣ  карда  мешавад. Шаҳрвандони  Тоҷикистон  барои   ба даст  овардани   унвони  илмии   магистр бо  асосҳои  ҳуқуқ  дар  ИМА  шинос  мегарданд. Ҳадафи  барнома  ба  роҳ  андохтани  маданияти  волоияти  қонун  дар  Тоҷикистон бо  роҳи   шиносоии ҳуқуқшиносони тоҷик  бо  системаи  хуқуқии  ИМА  мебошад. Барномаи  мазкурро  Бюрои  мубориза ба  муқобили  маводи  нашъадор  ва ҳифзи  қонуну  тартиботи Департаменти  давлатии ИМА  амалӣ  месозад. Ба  иштирокчиёни  барнома   стипендия  дода хоҳад  шуд. Иштирокчиёни  барнома  бо  намояндагони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқи  ИМА  ҳамкорӣ  карда,  таҷрибаи онҳоро  меомӯзанд. Мӯҳлати охирини  додани  ариза  барои  иштирок   дар  барномаи  мазкур  23  феврали соли  2010  мебошад.

Февраль 8, 2010 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд