БОРИШИ БАРФИ ЗИЁД ДАР АФҒОНИСТОН
Кобул, 10 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Шабонарӯзи гузашта дар Афғонистон дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва омадани сел камаш 20 кас ҳалок шуд. Аз ҷумла, дар ағбаи Соланг дар натиҷаи фаромадани тарма 18 нафар ҳалок гардид. Инчунин қариб 50 нафар маҷрӯҳ шуд. Бориши барфи зиёд дар вулусволиҳои Ҳисорак ва Шерзоди вилояти Нангарҳор сабаби ҳалокати 6 нафар шуд. 6 нафари дигар дар роҳи мошингарди Кобул – Кандаҳор бо сабаби дар байни сел дармондани мошин ҳалок гардиданд. Вазорати вазъияти фавқулоддаи Афғонистон хабар дод, ки дар давоми шабонарӯзи гузашта танҳо дар ағбаи Соланг фаромадани зиёда аз 25 тарма ва ярч ба қайд гирифта шуд. Ғафсии қабати барф дар қисмати шимолии ағбаи Соланг ба се метр мерасад. Дар ин ҷо 20 мошини боркаш дар байни барфу тарма банд шудаанд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда ҳаракати нақлиёт бар асари боридани барфи зиёд дар байни вилоятҳои кӯҳистони мамлакат қатъ гардидааст. Ба маҳалҳое, ки дар он ҷойҳо барфи зиёд борида ва сел омадааст, гурӯҳҳои наҷот диҳандаи вазорати мудофиа, раёсати умумии амнияти миллӣ ва мақомоти дигар фиристода шуданд. Ду рӯз пеш дар вилояти Фароҳ низ бар асари омадани сел 10 нафар ҳалок гардид. Наҷотдиҳандагон бо сабаби хароб гардидани роҳҳо имконият пайдо намекунанд, ки ба зарардидагон сари вақт кӯмак расонанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






