БОРИШИ БАРФИ ЗИЁД ДАР АФҒОНИСТОН

Февраль 10, 2010 11:23

Кобул,  10  феврал. (АМИТ «Ховар»). —  Шабонарӯзи  гузашта  дар  Афғонистон  дар  натиҷаи  боридани   барфи  зиёд  ва омадани  сел  камаш  20  кас  ҳалок  шуд. Аз  ҷумла,  дар   ағбаи  Соланг  дар  натиҷаи  фаромадани  тарма  18  нафар  ҳалок  гардид. Инчунин  қариб  50  нафар  маҷрӯҳ  шуд. Бориши  барфи  зиёд  дар  вулусволиҳои  Ҳисорак  ва  Шерзоди  вилояти  Нангарҳор  сабаби  ҳалокати   6 нафар  шуд. 6  нафари дигар  дар  роҳи  мошингарди Кобул – Кандаҳор  бо  сабаби   дар  байни  сел  дармондани   мошин  ҳалок  гардиданд. Вазорати  вазъияти  фавқулоддаи  Афғонистон  хабар  дод, ки  дар  давоми  шабонарӯзи  гузашта  танҳо  дар  ағбаи  Соланг  фаромадани  зиёда  аз  25   тарма  ва  ярч  ба  қайд  гирифта шуд.  Ғафсии  қабати  барф  дар  қисмати  шимолии  ағбаи  Соланг ба  се  метр  мерасад.  Дар  ин  ҷо  20  мошини  боркаш  дар  байни  барфу  тарма  банд  шудаанд. Аз  рӯи  маълумоти  мавҷуда  ҳаракати  нақлиёт бар  асари  боридани   барфи  зиёд   дар байни  вилоятҳои  кӯҳистони мамлакат  қатъ  гардидааст.  Ба  маҳалҳое, ки  дар  он  ҷойҳо  барфи   зиёд  борида ва сел омадааст,  гурӯҳҳои  наҷот  диҳандаи   вазорати  мудофиа,  раёсати  умумии  амнияти  миллӣ ва  мақомоти  дигар  фиристода  шуданд.  Ду рӯз  пеш  дар  вилояти  Фароҳ  низ  бар  асари омадани  сел   10  нафар  ҳалок  гардид. Наҷотдиҳандагон  бо  сабаби  хароб  гардидани роҳҳо имконият пайдо намекунанд, ки   ба  зарардидагон  сари  вақт  кӯмак  расонанд.

Февраль 10, 2010 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад