ФЕҲРАСТИ НАВИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Февраль 2, 2010 14:28

Душанбе,  2 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина  Ғоибназарова). —  Мутахассисони  Вазорати  фарҳанги  ҷумҳурӣ  ба  таҳияи  феҳрасти  нави ёдгориҳои таърихию  фарҳангии  мамлакат  тайёрӣ  мебинанд. Сардори  раёсати   мероси  фарҳангӣ  ва  муҳофизати  ёдгориҳои таърихии  вазорат  Музаффар  Азизов  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки ба  феҳрасти нав  бештар  аз  2000   ёдгории  таърихию  фарҳангӣ  дохил  карда  мешавад. Мо  бояд на танҳо ёдгориҳои таърихию  фарҳангиро  ба  қайд  гирем,  балки  маҳалли   муҳофизати  онҳоро  муайян  намуда,  ба  харитаи  истифодаи   замини  ноҳияҳо  дохил  карда,   муҳофизати  ёдгориҳоро  ба  зиммаи  мақомоти  маҳаллӣ  гузорем,  гуфт  М.Азизов.   Қайд  карда  шуд, ки  қабл  аз  ин  феҳрасти  пештараи  ёдгориҳои таърихию  фарҳангӣ  соли  1972   тартиб дода шуда буд. Дар  давоми 15  соли  охир  дар  Тоҷикистон   дар натиҷаи  ғайриқонунӣ  аз  худ  кардани  қитъаҳои  замин   зиёда  аз  100 ёдгории  таърихию  фарҳангӣ, аз  ҷумла  шаҳристонҳои  қадима,  қалъаҳо  ва  қабристонҳо несту  нобуд  карда шуданд. Айни  ҳол   дар  маҳалли ёдгориҳои  таърихию  фарҳангӣ  биноҳои  гуногун  сохта  мешаванд. Аз  ин  рӯ  хеле  муҳим  аст, ки  масъалаи  ба  ихтиёри  муассисаҳои  фарҳангӣ  супоридани ёдгориҳои таърихию  фарҳангӣ  ҳал  карда  шавад.  Танҳо  дар  ҳамин  маврид  ин  ёдгориҳо  аз  дахолати  инсон  муҳофизат  карда,  барои наслҳои оянда  нигоҳ  дошта  мешаванд,  гуфт  Музаффар  Азизов.  

Февраль 2, 2010 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад