ФЕҲРАСТИ НАВИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Мутахассисони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба таҳияи феҳрасти нави ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат тайёрӣ мебинанд. Сардори раёсати мероси фарҳангӣ ва муҳофизати ёдгориҳои таърихии вазорат Музаффар Азизов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба феҳрасти нав бештар аз 2000 ёдгории таърихию фарҳангӣ дохил карда мешавад. Мо бояд на танҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангиро ба қайд гирем, балки маҳалли муҳофизати онҳоро муайян намуда, ба харитаи истифодаи замини ноҳияҳо дохил карда, муҳофизати ёдгориҳоро ба зиммаи мақомоти маҳаллӣ гузорем, гуфт М.Азизов. Қайд карда шуд, ки қабл аз ин феҳрасти пештараи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ соли 1972 тартиб дода шуда буд. Дар давоми 15 соли охир дар Тоҷикистон дар натиҷаи ғайриқонунӣ аз худ кардани қитъаҳои замин зиёда аз 100 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла шаҳристонҳои қадима, қалъаҳо ва қабристонҳо несту нобуд карда шуданд. Айни ҳол дар маҳалли ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ биноҳои гуногун сохта мешаванд. Аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки масъалаи ба ихтиёри муассисаҳои фарҳангӣ супоридани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳал карда шавад. Танҳо дар ҳамин маврид ин ёдгориҳо аз дахолати инсон муҳофизат карда, барои наслҳои оянда нигоҳ дошта мешаванд, гуфт Музаффар Азизов.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






