ГАЗ ТАВАССУТИ ПЕШПАРДОХТ
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директории генералии корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов соли ҷорӣ пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бо гази аз хориҷи кишвар воридшуда таъмин намешавад, зеро аз соли 2009 сар карда, пойтахт ба таъмини гази худи гузаронида шудааст, ки он аз қисмати ҷанубии кишвар – ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба Душанбе интиқол дода мешавад. Айни замон бо сабаби паст будани фишори газ дар нуқтаи истихроҷ, интиқоли он ба шаҳри Душанбе имконнопазир аст. Боиси тазаккур аст, ки ахиран Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани газ бо арзиши 231 доллари амрикоӣ барои 1000 метри кубӣ розигӣ дод, ки ин нисбат ба соли 2009 10 доллар арзон аст. Акнун ҳар рӯз аз кишвари ҳамсоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 – 18 ҳазор метри кубӣ газ интиқол дода мешавад, ки он танҳо барои фаъолияти нопурраи корхонаҳои калонтарини саноатӣ — ширкати «Алюминии тоҷик», «Тоҷиксемент», Маркази гармидиҳии Душанбе ва чанд нуқтаи фурӯши гази моеъ истифода мегардад. Сокинони пойтахт танҳо дар сурати пешпардохт бо газ таъмин хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






