ГАЗ ТАВАССУТИ ПЕШПАРДОХТ

Февраль 2, 2010 10:12

Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директории  генералии корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов соли ҷорӣ пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бо гази аз хориҷи кишвар воридшуда таъмин намешавад, зеро аз соли 2009 сар карда, пойтахт ба таъмини  гази худи гузаронида шудааст, ки он аз қисмати ҷанубии кишвар –   ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба Душанбе интиқол дода мешавад. Айни замон бо сабаби паст будани фишори газ  дар нуқтаи истихроҷ,    интиқоли он ба шаҳри Душанбе имконнопазир аст. Боиси тазаккур аст, ки ахиран Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани газ бо  арзиши  231 доллари амрикоӣ барои 1000 метри кубӣ розигӣ дод, ки ин нисбат ба соли 2009 10 доллар арзон аст. Акнун ҳар рӯз аз кишвари ҳамсоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 – 18 ҳазор метри кубӣ газ интиқол дода мешавад, ки он танҳо барои фаъолияти нопурраи корхонаҳои калонтарини саноатӣ —  ширкати «Алюминии тоҷик», «Тоҷиксемент»,  Маркази гармидиҳии Душанбе  ва чанд нуқтаи фурӯши гази моеъ истифода мегардад. Сокинони пойтахт танҳо  дар сурати пешпардохт бо газ таъмин хоҳанд шуд.

Февраль 2, 2010 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд