ХАЗИНАЧИИ АЗ БОВАРӢ БАРОМАДА

Февраль 8, 2010 09:57

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳангоми гузаронидани санҷиши ногаҳонии бастаҳои пули нақд дар фонди захиравии саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» муайян карда шуд, ки мудири хазинаи воридотии шӯъбаи хизматрасонии хазинавии идораи амалиётии Мудирияти амалиётҳои бонкӣ ва хизматрасонии ҶСК «Агроинвестбонк» Фахриддин Ёров  дар давраи фаъолияти кориаш моҳи феврали соли 2009 бо истифода аз ваколати  мансабиаш, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо  маблағҳои хазинаи бонкро, ки 376 ҳазору 780 доллари амрикоиро ташкил додааст аз они худ намудааст. Шӯъбаи тафтишоти Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсия бо моддаи 245 қ.4  (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) – и КҶҶТ нисбати кирдори Ф, Ёров парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот мебаранд.  

Февраль 8, 2010 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд