ХУСУСИЯТҲОИ МУРАККАБИ ГЕОЛОГӢ
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ генерал – майор Ҳайбулло Латипов, Тоҷикистон бо хусусиятҳои мураккаби геологӣ, гуногунии шароитҳои геморфологӣ ва равандҳои экзогеннии геологӣ ба минтақаи фалокатҳои табиӣ, аз ҷумла: ярч, сел, тарма ва заминларза дар сайёра бақайд гирифта шудааст. Хадамоти сабти ҳодисаҳои заминларзаи Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 3 ҳазор ҳодисаҳои заминларзаро ба қайд мегиранд. Дар асри гузашта дар ҳудуди қаламрави ҷумҳурӣ се ҳодисаи заминларзаи харобиовар аз рӯи 7,3 балли ҷадвали рихтерӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин заминларзаи Қаратоғ (соли 1907), Сарез (1911) ва Ҳоит соли 1949 мебошанд. Таи соли 1998 – 2007 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳодисаҳои заминларза бо иқтидори 7 балл аз рӯи ҷадвали рихтерӣ дар ноҳияи Данғара (3 – юми сентябри соли 1998), Ҳисор (27 – уми марти 1999), Фархор (31 – уми октябри 2000 -ум), Роғун (9 – уми январи 2002), Рӯдакӣ (августи 2006), Қумсангир (29 – уми июли 2007), Рашт (22 – юми июли 2007) ва Исфара 8 – уми январи 2007 ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари ин ҳодисаҳои табиӣ хисороти зиёд ба иқтисодиёти хоҷагиҳо расонида шудааст. Боиси тазаккур аст, ки нерӯгоҳҳои барқии дар ин минтақаҳо аз рӯи 11,5 балли ба ҷадвали рихтерӣ тобовар, сохта шудаанд ва бар асари ин ҳама ҳодисаҳои рухдода ҳеҷ гуна осебе надидаанд. Тибқи нуқтаи назари мутахассисон, заминҷунбие, ки аз рӯи 11, 5 балли рихтерӣ дар Тоҷикистон рух диҳад, бавуҷуд омаданаш номумкин аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






