МУЛОҚОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚТИСОДИИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ

Февраль 10, 2010 11:27

Душанбе,  10  феврал. (АМИТ «Ховар»). —  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ, Вазорати  рушди  иқтисоди  Федератсияи  Русия  ва  Шӯрои  Маркази  рушди  иқтисодии  ИДМ  5  марти соли  равон   дар  шаҳри  Маскав  мулоқоти байналмилалии  иқтисодии  давлатҳои Иттиҳодро   таҳти  унвони «Ташаббусҳои нав  дар  соли  раёсати Русия дар  ИДМ» баргузор  месозанд. Ҳадафи  мулоқоти  мазкур  амалӣ  сохтани   барномаи  стратегии  рушди  иқтисодии  ИДМ  дар  давраи  то  соли  2020  мебошад, ки   бо қарори  Шӯрои  сарони  Ҳукуматҳои  ИДМ  моҳи  ноябри  соли  2008  қабул  шуда буд. Дар  мулоқот  роҳбарону намояндагони  мақомоти ҳокимияти  давлатии  мамлакатҳои  ИДМ,  созмонҳои  ҷамъиятӣ,  тоҷирону  соҳибкорон  ва  бонкҳои  мамлакатҳои  ИДМ  ширкат  меварзанд.    

Февраль 10, 2010 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд