МУСОБИҚАИ ФУТБОЛБОЗОН
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 5 феврал дар Тоҷикистон барои поси хотири футболбози нахустини тоҷик Рустам Долтабоев мусобиқаи анъанавии дастаҳои футбол оғоз меёбад. Аз Федератсияи футболи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мусобиқаи мазкур дар ду давр гузаронида мешавад. Даври аввали мусобиқа дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ва даври хотимавии он дар пойтахти мамлакат баргузор мегардад. Дар мусобиқа шаш дастаи футболбозон – ЦСКА «Помир», «Энергетик», Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ, «Регар – Тадаз», «Ҷавонон» ва дастаи футболи «Хайр» аз ноҳияи Ваҳдат ширкат меварзанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқа 8 март гузаронида мешаванд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






