НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕҲРАСТИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ

Февраль 10, 2010 10:37

Душанбе,  10  феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина  Ғоибназарова). —  Нависандагон,  шоирон  ва тарҷумонҳои  тоҷик  ба Феҳрасти  махсуси  адибону  тарҷумонҳои  мамлакатҳои  ИДМ ва  Балтика  дохил  карда шуданд, ки  дар  Арманистон чоп  шуд. Аз  Тоҷикистон  ба  феҳрасти  мазкур  олими адабиётшинос Абдувалӣ  Давронов,  нависанда ва  тарҷумон  Абдуғаффор  Абдуҷабборов,  Нависандаи  халқии  Тоҷикистон  Саттор  Турсун,  адибон Ато Ҳамдам,  Тоҳир  Мамадризоев  ва  дигарон шомил  гардиданд. Дар  феҳраст  дар  бораи  ҳар  кадоми онҳо  маълумоти  муфассал  дода  мешавад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад,  ки ба феҳрасти  мазкур  аз  13  мамлакат  158  нафар   шомил  карда шудаанд.  Онҳо  дар   мулоқоти  дуюми   нависандагону  шоирон,  тарҷумонҳо  ва  ноширони  мамлакатҳои  ИДМ  ва  Балтия  ширкат  варзида  буданд. Мулоқоти  адибону  ноширон  ва тарҷумонҳои  мамлакатҳои  ИДМ  ва  Балтика  аз  соли  2007  сар  карда,  гузаронида  мешавад. Мулоқоти  охирини  онҳо  моҳи  октябри  соли  2009   дар  Арманистон  баргузор  гардид. Дар  мулоқоти  мазкур  намояндагони   7  давлати  ИДМ,  инчунин  Гурҷистон, Латвия,  Литва  ва  Эстония  иштирок  доштанд.

Февраль 10, 2010 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд