«НИМРӮЗИ РОСТИН» МАҚОМИ ДУЮМИ ФАҶРРО СОҲИБ ГАРДИД
Душанбе, 2 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Филми коргардони тоҷик Носир Саидов «Нимрӯзи ростин” дар 28-умин Ҷашнвораи байналмилалии филми Фаҷр, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд, ҷои дуюмро соҳиб шуда, бо лавҳи хотиравӣ ва маблағи 2000 евро сарфароз гардид. Ҷои аввал насиби синамогарони туркӣ, филми коргадони турк Маҳмуд Фозил «Тасбеҳи иштибоҳӣ» гардид. Ин филм соҳиби лавҳи хотиравии Муассисаи фарҳангии ЭКО ва 3 ҳазор Евро шуд. Аз муассисаи фарҳангии ЭКО ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маросими анҷоми 28-умин Ҷашнвораи байналмилалии филми Фаҷр 1 -уми феврали соли равон дар Бурҷи Милоди Теҳрон бо ширкати мақомоти фарҳангӣ, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Теҳрон ва ҳунармандони синамо баргузор гардид. Дар бахши филмҳои кишварҳои узви ЭКО, ки бо номи «Роҳи Фирӯза» маъмул аст, 17 филм аз 7 кишвари аъзои ЭКО –Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия пешниҳод гардида буд. Мақоми саввуми Ҷашнвора насиби филми синамогарони қазоқ «Алвидоъ, Гулсарӣ» коргардонаш Ардак Амирқулов гардида, лавҳи хотиравии Муассисаи фарҳангии ЭКО -ро дарёфт намуд. Филми «Генералҳои кӯчак”-и коргардони афғон Муҳаммадтақии Акбарии Сироҷ барои инъикоси амиқи фоҷеаи кӯдакону навҷавонони Афғонистон бо ҷоизаи вижаи ин муассиса сазовор гардид. Муаллифи сенарияи филми «Нимрӯзи ростин» Сафари Ҳақдод, ки дар ин маросим ширкат дошт, ҷоизаро дарёфт намуд. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Рамазон Мирзоев комёбиҳои синамогарони тоҷикро боиси ифтихор арзёбӣ кард.