ОМӮЗГОРИ ҚАЛЛОБ ДАР ДОНИШГОҲ

Февраль 10, 2010 11:20

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Омӯзгори   Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хуҷанд Абдусамад Эрмухамедов моҳи июли соли 2009 бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба боварии ду шаҳрванд даромада   барои ба шӯъбаи ғоибонаи факултаи методикаи донишгоҳи мазкур дохил шуданашон  550 доллари амрикоӣ гирифта, онҳоро башӯъбаи ғоибона дохил карда натавонистааст. Рӯзи 14 –уми январи соли 2010  А. Эрмухамедов дар аснои баргардонидани  маблағҳои бо роҳи қаллобӣ ба даст овардааш дар рӯ ба рӯи мағозаи «Авесто» — и шаҳри Хуҷанд аз тарафи кормандони Раёсати Агентии НДМ ва коррупсия дар вилояти Суғд буда дастгир шудааст. Нисбати А. Эрмухамедов бо моддаи 247 қ.3 «қаллобӣ» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда,   раёсати мазкур тафтишот мебаранд.    

Февраль 10, 2010 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд