ПОРАГИРӢ БО РОҲИ ТӮҲМАТ

Февраль 10, 2010 11:17

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Порагирии Саидҷамил Раҳмонович Маҳмадалиевро дар шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсия чунин шарҳ доданд: Саидҷалил Маҳмдалиев аз моҳи декабри соли 2009 дар   раёсати  тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият карда, дар ҳамкорӣ бо собиқ корманди вазорати мазкур Ғайратшо Ҷумъаев бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ рӯзи 6 – уми январи соли 2010 аз шаҳрванд «А», ки гӯё дар ҷинояти содиркардаи яке аз хешовандонаш гунаҳкор бошад, барои озод кардан аз ҷавобгарӣ 4 ҳазор доллари амрикоӣ талаб мекунад. Аз ин маблағ пешакӣ 500 долларашро мегирад ва рӯзи 13 – уми январи соли 2010  ҳангоми гирифтани  боз як қисми  маблағ  ба миқдори 1000 доллар аз тарафи кормандони Сарраёсати Агентӣ дастгир карда мешавад. Ҳоло нисбати кирдори С. Маҳмадалиев ва Ғ. Ҷумъаев парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 қ.4 (гирифтани пора)- и КҶҶТ оғоз гардида, тақдирашонро саҳифабандӣ мекунанд.

Февраль 10, 2010 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»