«РӮЗЕ ДАРОЗТАР АЗ ҚАРН»-РО ДАР ТЕҲРОН НАМОИШ ДОДАНД
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ҷумҳурӣ бо ҷоизаҳои муассисаи фарҳангии ЭКО аз Теҳрон ба Тоҷикистон баргаштанд. Онҳо ҷиҳати ширкат дар бахши ғайриозмунии Ҷашнвораи байналмилалии Фаҷр ба Эрон даъват шуда буданд. Зимни сафарашон ҳунармандони театри ҷавонон дар саҳнаи Театри Теҳрон намоишномаи «Рӯзе дарозтар аз қарн»-ро аз рӯи асари нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов пешкаши тамошобинони эронӣ гардониданд. Таҳиягар ва коргардони намоишнома Cултон Усмонов ва Нозим Меликов буда, худшиносӣ ва худогоҳӣ меҳвари асосӣ ва мавзӯи намоишнома мебошад. Баъди анҷоми намоишнома Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Рамазон Мирзоев ба ҳунармандони Театри ҷавонон ҷоизаҳои Муассисаи фарҳангии ЭКО-ро тақдим намуд.