ҚАДРДОНИИ МЕҲНАТИ ЖУРНАЛИСТОНИ БЕҲТАРИНИ ВИЛОЯТ

Март 12, 2010 16:59

Хуҷанд,  12 март. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —  11  март  дар  шаҳри  Хуҷанд  бахшида ба  Рӯзи  матбуоти  тоҷик  ҷамъомади  серодам  баргузор  гардид. Дар он   намояндагони  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  маҳаллӣ,  кормандони   воситаҳои  ахбори оммавӣ,  радиою телевизион,   собиқадорони  матбуот ва  меҳмонон  иштирок намуданд. Ҷамъомадагонро  ба  шарафи  Рӯзи  матбуоти  тоҷик  котиби  шӯъбаи  вилоятии  Иттифоқи  журналистони  Тоҷикистон Илҳом  Ҷамолиён  табрик  намуд.  Муовини  раиси  вилоят Ваҳоб  Набиев аз  номи  раиси  вилоят  Қоҳир  Расулзода  ва корманди  маъмурияти   шаҳри  Хуҷанд  Зулфия  Умарова  ҳозиронро  аз  номи   раиси  шаҳри  Хуҷанд  Содиқҷон  Мирхолиқов табрик  намуданд. Ба  муносибати Рӯзи  матбуоти  тоҷик  ба журналистони  беҳтарин  ифтихорномаҳо ва  тӯҳфаҳои  қиматбаҳо супорида шуданд. Аз  ҷумла,  муовини  сармуҳаррири  ҳафтаномаи  вилоятии «Ҳақиқати  Суғд»  Тавҳида  Ҷӯраева,  мухбири  телевизиони   вилоятӣ  Хуршед  Раҳмонов,  мухбири  махсуси  Агентии  миллии  иттилоотии «Ховар»  дар  вилояти  Суғд Санавбар  Мақсудова,  мухбири радиои  «Озодӣ»  дар  вилояти  Суғд  Маъсум Муҳаммадраҷаб,  наворбардори  бунгоҳи  иттилоотии  Шабакаи  аввали   телевизиони  Тоҷикистон  дар  вилояти  Суғд Дилшод  Юсуфов,  директори телевизиони  ғайридавлатии  маҳаллӣ «СМ – 1» Акрам  Урунов,  директори ширкати  ғайридавлатии  телевизион  ва радиои  «Азия»  Аъзамхон  Акбаров  ва  мухбири   рӯзномаи  вилоятии  «Ҳақиқати  Суғд»  Рафоат Мӯъминова  сазовори  ифтихорномаҳо,  сипосномаҳо ва  саҳмияҳои  НБО «Роғун»  гардиданд. Дар  фарҷоми  ҷамъомад  консерти  калони  идона  намоиш дода шуд.  

Март 12, 2010 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд