ҲАММОМУ ХАЙМАҲО ВАЙРОН КАРДА ШУДАНД

Март 26, 2010 11:27

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). —  Кумитаи ҳифзи муҳити зист  дар фаъолияти худ   оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об дар нимсолаи аввали соли 2010,  бахшида ба ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», санҷишҳои ҳолати санитарию экологии дарёҳо, каналҳо ва иншооти обтозакунии ноҳияҳои атрофи шаҳри  Душанберо мавриди санҷишу таҳлил қарор дод. Ҳолати санитарию экологии шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳолати санитарию экологии канали дериватсионии шаҳри Душанбе, шусташавии соҳили дарёи Кофарниҳон дар минтақаи иншооти обтозакунии канализатсионии шаҳри Душанбе, ҳолати соҳили дарёи Хонақо   санҷида     шуданд. Дар натиҷаи рейдҳои алоҳида ва муштараки сохторҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, аз хатти муҳофизатии ҳавзаи дарёи Варзоб ва канали дериватсионии Варзоб – Душанбе 35 манбаъҳои ифлоскунандаи об (катҳои болои об, хаймаҳо, ҳаммому оғилхонаҳо) вайрон карда шуда, барои риоя накардани меъёрҳои санитарию экологӣ  шахсони мутасаддӣ ҷарима баста шуданд.

Март 26, 2010 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад