АМАЛИЁТИ СААД ТАҲТИ ВАСОЯТИ СММ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАНД
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар»). — Маҷмаи кулли СММ 2 март бо ташаббуси давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ — Русия, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи зарурати ривоҷ додани ҳамкории ҳар ду созмон ва таҳти васояти СММ гузаронидани амалиёти СААД қатънома қабул намуд. Намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин ёдовар шуд, ки СААД аз соли 2004 дар Маҷмаи кулли СММ мақоми мушоҳид дорад. Моҳи январи соли 2009 созишномаи СААД ва СММ дар бораи фаъолияти муштараки истиқрори сулҳ имзо карда шуд. Қатъномаи нав барои вусъат бахшидани ҳамкории СААД ва СММ имконияти воқеӣ фароҳам меорад. Минбаъд Маҷмаи кулли СММ аз фаъолияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар бобати ривоҷ додани ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои таҳкими амният ва субот, истиқрори сулҳ, мубориза ба муқобили терроризм, маводи нашъадор, аслиҳа, ҷинояткории муташаккилона, хариду фурӯши одамон, пешгирӣ ва бартараф сохтани оқибати фалокатҳои табиию техногенӣ ва ғайра истифода хоҳад кард. Қатънома гуфтушунид ва машваратҳои муттасили Муншии умумии СММ ва муншии умумии СААД – ро барои мувофиқ сохтани нақшаҳои фаъолияташон пешбинӣ мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






