БОНКИ ҶАҲОНӢ БА ТАШХИСИ ЛОИҲАИ СОХТМОНИ НБО «РОҒУН» ШУРӮЪ МЕНАМОЯД
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар» — Фарғона. ру). — Муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филип Ле Уэйру дар номаи ба унвони Ҳукумати Ӯзбекистон фиристодааш хабар медиҳад, ки коршиносони Бонк дар давоми рӯзҳои 20 – 27 апрели соли равон барои ташхиси асоснокии техникию иқтисодии сохтмони НБО «Роғун» дар Тоҷикистон ба маҳалли сохтмони иншооти мазкур фиристода мешаванд. Бонки ҷаҳонӣ дар робита таъкид менамояд, ки дар давраи ташхис дар майдони сохтмони нерӯгоҳ ягон корҳои сохтмонӣ анҷом дода намешаванд. Танҳо дар ин давра баъзе иншоотҳои ёрирасон барқарор сохта, корҳои зеризаминӣ, барқарор сохтани роҳҳои дар натиҷаи обхезии солҳои гузашта харобгардида давом дода мешаванду халос. Ба гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мутахассисони варзидаи соҳаи сохтмони бандҳои об ва сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ шомил хоҳанд гашт. Ғайр аз ин, худи Филип Ле Уэйру ҳамроҳи мушовири Бонк Стефан Линтнер моҳи апрел аз ҳамаи мамлакатҳои ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузари минтақаи Осиёи Марказӣ боздид ба амал оварда, бо роҳбарони ин мамлакатҳо масъалаи иштироки коршиносони мустақили байналмилалиро дар ташхиси лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» муҳокима хоҳад кард. Ба кавли муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ, ҳадафи ташхиси техникию иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ санҷиши ҳамаҷонибаи вазъияту ҳолати техникӣ ва муқаррар намудани оқибати экологӣ ва иҷтимоии он мебошад. Тадқиқоти тахассусӣ мувофиқи тамоми тартиботу қоидаҳои махсуси Бонки ҷаҳонӣ гузаронида мешавад. Филип Ле Уэйру зикр менамояд, ки масъалаи ташхиси нақшаи сохтмони нерӯгоҳ бо Ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст. Инчунин бо мақомоти Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст, ки тамоми корҳои сохтмонӣ дар ҷараёни ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ вобаста ба натиҷаҳои тадқиқот анҷом дода мешаванд. Дар мактуб таъкид карда мешавад, ки иштироки Бонки ҷаҳонӣ дар сохтмони НБО «Роғун» ба натиҷаҳои ташхиси техникию иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоии сохтмони нерӯгоҳ, инчунин машварат бо ҳукумати мамлакатҳои минтақа вобаста мебошад. Махсус қайд карда мешавад, ки иштироки бонк дар ташхиси нақшаи сохтмони нерӯгоҳ ва ӯҳдадориҳои Ҳукумати Тоҷикистон инчунин ба корҳои барқароркунӣ дар давраи аввали сохтмони нерӯгоҳ низ дахл менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон изҳор намуд, ки натиҷаҳои ташхис ҳамроҳи коршиносони мустақили байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд. Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон ба пешниҳоди бонк дар бораи интихоби мутахассисон мувофиқи тартиботу қоидаҳои муқаррарнамудаи бонк розӣ шудааст. Муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ Ҳукумати Ӯзбекистонро дилпур месозад, ки мутахассисони он ба нақшаи сохтмони нерӯгоҳ баҳои воқеӣ, беғаразона ва асоснок хоҳанд дод. Аз натиҷаи ташхис ҳатман ба Ҳукумати Ӯзбекистон ва мамлакатҳои дигари минтақа хабар дода мешавад. Қарори бонк дар бораи маблағгузорӣ ва иштироки он дар сохтмони нерӯгоҳ ба натиҷаҳои ташхис вобаста мебошанд. Дар мактуб бо таассуф қайд карда мешавад, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ин масъала ба ҳамдигар боварӣ надоранд. Муносибатҳои ҳар ду мамлакат баъди қабули қарор дар бораи сохтмони НБО «Роғун» боз ҳам муташанниҷтар гардид. Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки бо роҳи сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои барқӣ бӯҳрони энергетикиро бартараф сохта, ба пешрафти иқтисодиёт ноил гардад. Вале Ҳукумати Тошканд аз он ба ҳарос афтодааст, ки дар натиҷаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ аз истифодаи оби дарёҳои минтақа маҳрум гардида, дар ин масъала ба Тоҷикистон вобаста хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки сарчашмаи қисми зиёди дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ мебошанд. Бештар аз 60 фоизи захираи оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъ гаштааст. Вале тоҷикон барои таъмини эҳтиёҷоташон ҳамагӣ 15 фоизи захираи оби дарёҳои худро истифода мебаранду халос. Қисмати боқимондаи оби дарёҳои Тоҷикистон ба мамлакатҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбекистон ҷорӣ мешавад. Ба қавли Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, бештар аз 40 фоизи аҳолии мамлакат аз нарасидани об танқисӣ мекашанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки НБО «Роғун» дар дарёи Вахш сохта хоҳад шуд. Сохтмони он ҳанӯз соли 1976 шурӯъ шуда буд. Тибқи нақша мебоист агрегати нахусти он соли 1990 ба кор дароварда мешуд. Вале бо сабаби муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳ соли 1990 боздошта шуд. Тибқи нақша баландии банди оби обанбори нерӯгоҳ 335 метрро ташкил медиҳад. Иқтидори он дар як соат 3,6 миллион киловатт қувваи барқ мебошад. Сохтмони нерӯгоҳ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки на танҳо эҳтиёҷоти худро ба қувваи барқ қонеъ созад, балки қувваи барқи зиёдатии худро ба мамлакатҳои дигар фурӯшад. Ду агрегати нахустини нерӯгоҳ бояд то соли 2012 ба кор дароварда шаванд. Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳ 6 миллиард сомонӣ (қариб 1,3 миллиард доллари ИМА) зарур аст. Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тамоми аҳолӣ ба маблағғузории сохтмони нерӯгоҳ ҷалб карда шуд. Барои ҷамъ овардани маблағи аҳолӣ ба мақсади сохтмони нерӯгоҳ ба маблағи 6 миллиард сомонӣ 5 миллион саҳмия ва сертификат чоп карда шуд. Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ то 20 март аз фурӯши саҳмия ва сертификатҳои Ҷамъияти саҳҳомии НБО «Роғун» 780, 8 миллион сомонӣ ба даст омадааст.