БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОРҲОИ НАВ

Март 3, 2010 11:10

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Аз Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар моҳи январи соли 2010 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 2741 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 7,1 баробар зиёд аст. Аз масоҳати умумии боғҳо 347 гектар мевагиҳои тухмдор (ангуру анор), 1972 гектар донакдор (себу нок), 198 гектар мағздор (зардолу,чормағзу бодом) ва 224 гектар меваҳои субтропикӣ (лимон) шинонда шудааст. Аз миқдори умумии боғҳои навбунёд 371 гектари он дар заминҳои лалмӣ бунёд гардидаанд. Дар моҳи январу феврали соли ҷорӣ ҳамчунин 118 гектар токзорҳои нав бунёд карда шуда аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9 баробар зиёд аст. Соли ҷорӣ дар 24 гектар заминҳои лалмӣ токзорҳои нав бунёд карда шуда, 32 гектар боғ ва 8 гектар токзорҳо барқарор карда шуданд.  

Март 3, 2010 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд