ИБРОҲИМ ҲАСАНОВ ВАФОТ КАРД

Март 3, 2010 10:00

Душанбе,  3 март. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров). —  Варзишгари нахустини  тоҷик, ки   дар  бозиҳои олимпӣ  иштирок  дошт,  қаҳрамони нахустини  Спартакиадаи  халқҳои  ИҶШС,  устоди  хизматнишондодаи  варзиши  ИҶШС,  қаҳрамони  дувоздаҳкаратаи  варзиши   ИҶШС, нахустин  тренери  хизматнишондодаи  ИҶШС  Иброҳим  Ҳасанов  дар  сини  73 — солагӣ  вафот  кард. Ӯ  солҳои  охир   ба  дастаи  мунтахаби  қаиқронони  Ҷумҳурии  Исломии  Эрон  машқ  медод. Иброҳим  Ҳасанов  соли  1937  дар  Душанбе  таваллуд  шудааст.  Ӯ   варзишгари  соҳаи  қаиқронӣ,  устоди  хизматнишондодаи  варзиши  ИҶШС,  тренери хизматнишондодаи  ИҶШС,  барандаи  ҷоизаи комсомоли ленинии  Тоҷикистон,  номзади  илми тибб,  профессор,  вакили  Шӯрои олии  ҶШС Тоҷикистон мебошад. И.Ҳасанов Донишкадаи  давлатии  омӯзгории   шаҳри  Душанбе  ва Донишкадаи   давлатии  тиббии  ба  номи  Абӯалӣ  ибни  Синоро  хатм  кардааст. Бародарон Юрий  Лобанов —  қаҳрамон  ва барандаи  ҷоизаи  биринҷии  бозиҳои  олимпӣ,  қаҳрамони  ҳашткаратаи  варзиши  ҷаҳон  ва Михаил  Лобанов – қаҳрамони  дукаратаи  варзиши  ҷаҳон  ва  дигарон  шогирдони   Иброҳим  Ҳасанов  мебошанд. Ӯ  солҳои тӯлонӣ  ректори  Донишкадаи   тарбияи  ҷисмонии  Тоҷикистон,  раиси  Кумитаи давлатии  варзиш  ва тарбияи  ҷисмонии  Тоҷикистон  ва нахустин раиси  Кумитаи олимпии  Тоҷикистон буд. И.Ҳасанов   ҳамчун   мураббии  барҷастаи   соҳаи  варзиши  Тоҷикистон  дар  асри  20  эътироф  гардидааст. Мавсуф  бо  ордени  «Нишони  ифтихор»,  ифтихорномаҳои Шӯрои олии  ҶШС Тоҷикистон  ва  медалҳои  сершумор  мукофотонида шудааст. Ҷасади  И.Ҳасанов аз  Эрон  ба  ватан  оварда  мешавад. Маросими  ҷаноза 4  март дар  шаҳри  Душанбе баргузор  мегардад. И.Ҳасанов дар  қабристони  Лучоб  дафн  карда  хоҳад  шуд.

Март 3, 2010 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Маводҳои таҳлилӣ