ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ
Душанбе, 12 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-12 март дар шаҳри Душанбе Созишномаи грантии Ҳукумати Ҷопон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи умумии 282 ҳазору 172 доллари америкоӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷатро Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро Накаяма, раиси ноҳияи Рашт Маҳмадҷон Давлатов, муовини аввали раиси ноҳияи Роштқалъа Фазлиддини Иброҳим, муовини раиси ноҳияи Панҷ Хайриниссо Кенҷаева дар хузури вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов имзо карданд. Созишномаи мазкур дар доираи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ амалӣ карда мешавад. Тибқи ин Созишнома барои амалӣ гардидани «Лоиҳа оид ба муҷҷаҳаз гардондани мактабҳои ноҳияи Рашт бо таҷҳизоти мактабӣ», Ҳукумати Ҷопон 95 ҳазору 809 доллари америкоӣ, барои татбиқи «Лоиҳа роҷеъ ба барқарорсозии мактаби миёнаи № 27 –и ноҳияи Роштқалъа» бошад 90 ҳазору 939 доллари америкоӣ ва барои амалӣ сохтани «Лоиҳаи азнавсозии мактаби №24-и ноҳияи Панҷ, ки аз сабаби обхезӣ вайрон шудааст» 95 ҳазору 425 доллари ИМА ҷудо намудааст. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур ба рушди соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






