КИТОБИ РӮИМИЗИИ ҲАР ЯК СОКИНИ ШАҲР

Март 26, 2010 09:30

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Аввалин «Маълумотномаи телефонҳои шаҳри Душанбе» дар давраи мустақилияти ҷумҳурӣ ба чоп омода гардид. Дар ин китоб ҳамаи маълумотҳои зарурӣ, аз ҷумла, ному насаб, суроға, телефон, факс, e – mail, ахбори кӯтоҳи идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳои тиҷоратии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, корхона, ширкат, муассисаҳои соҳаи маориф, тиб ва савдо, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе қарор доранд ҷой дода шудаанд.  «Маълумотномаи телефонҳои шаҳри Душанбе» барои ҳар корафтода имкон медиҳад, ки ба тарзи хеле осон корхонаи зарурӣ ва рақамҳои телефонҳоро пайдо кунад. Ин китоб барои ҳар як шахси ҳуқуқӣ ва инфиродӣ китоби рӯимизӣ шуда метавонад.

Март 26, 2010 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид