МАҲФИЛИ ИЛМИЮ АДАБӢ

Март 13, 2010 12:00

             Суғд, 13 март. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бахшида ба рӯзи матбуот бо ширкати донишчӯёни шӯъбаи рӯзноманигори маҳфили илмию адабӣ баргузор гашт. Дар маҳфил муҳаррирони газетаҳои вилоятӣ, шоирону адибон ва устодони донишгоҳ ширкат варзиданд. Сардабири ҳафтаномаи «Суғд» Маҳмудҷон Дадобоев оиди таърихи журналистони тоҷик сухан ронда, оиди бурду бохти рӯзноманигорони ҷавон изҳори ақида намуд. Маҳфилро саҳначаю чорабиниҳои идона ва брейнринг аз фанни таърихи журналистика рангин намуд. Дар маҳфил барои иштирокдорони таҳияи газетаи деворӣ, ҷобаҷогузории рӯзнома ва маводи беҳтарин ифтихорнома ва тӯҳфаҳо супорида шуд. 

Март 13, 2010 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад