МОҲИ АПРЕЛ СЕРБОРИШ МЕШАВАД
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Мувофиқи маълумоти Гурӯҳи ташхиси таъҷилӣ ва пешгӯии вазъи ҳавои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, то 24 март дар натиҷаи фуромадани тарма ва сангрезӣ дар миқёси мамлакат 15 нафар ҳалок гардидааст. Сабаби ин вазъият якбора гарм шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани барф дар ағбаҳо мебошад. Аз ҷумла, 25 феврал дар ағбаи Шаҳристон дар натиҷаи фуромадани тарма як нафар ва дар ВМКБ се нафар ҳалок гардид. 15 март дар ноҳияи Айнӣ бар асари фурӯ рехтани миқдори зиёди сангу хок 3 мусофири мошини сабукрав ба ҳалокат расид. 17 март дар даромадгоҳи туннели Анзоб 8 мусофир зери тарма монд. Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, ки моҳи апрел ниҳоят сербориш хоҳад гашт. Дар ин давра фуромадани тарма ва сангу хок дар ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Рашт ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ пешбинӣ карда мешаванд. Инчунин дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Ховалинг, Шӯрообод, Мӯъминобод ва Восеъ ба амал омадани обхезӣ, фуромадани ярч ва омадани сел эҳтимол дорад. Масъалаи пешгирии фалокатҳои табиӣ дар давоми моҳи апрел 17 март дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Хабар дода мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани соҳилҳои дарёи Сурхоб дар ҳудуди ноҳияи Восеъ 450 ҳазор доллари ИМА ҷудо кардааст ва мустаҳкам намудани соҳили дарё мувофиқи шароит давом дода мешавад. Намояндагони кумита айни ҳол сатҳи оби дарёи Ёхсуро мушоҳида менамоянд, ки аз ҳудуди якчанд ноҳия ҷорӣ мешавад.