МУҲОҶИРОНИ КАФОЛАТНОК

Март 3, 2010 11:08

              Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ тибқи «Барномаи муҳоҷират» минтақаҳои нави Федаратсияи Русия муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро қабул менамоянд. Дар асоси барномаи мазкур соли 2009 дар 12 минтақаҳои «пилотӣ» -и ФР беш аз 700 нафар мӯҳоҷирони меҳнатиро аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон қабул намуданд. Соли ҷорӣ ба ин минтақаҳои пилотӣ вилоятҳои нави Федератсияи Русия ҳамроҳ мешаванд. Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ доираи амалишавии минтақаҳои пилотӣ 25 – 30 минтақаро дар бар мегиранд.             Аз рӯи маълумоти расмии намояндагони Хадамоти муҳоҷирати ФР дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми дую ним  соли  охири фаъолияти «Барномаи муҳоҷират»  беш аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони ҶТ ба он муроҷиат карданд. Барои баррасӣ 1037 саволнома (анкета) қабул гардида 356 шаҳодатнома ба иштирокчиёни «Барномаи давлатии муҳоҷират» дода шуд.             Бино ба гуфти намяндаи Хадамоти муҳоҷирати ФР дар Тоҷикистон Виктор Себелов, аз рӯи «Барномаи муҳоҷират» дар давоми дую ним сол 292 оила  иборат аз 876 нафар ба шаҳрҳои гуногуни ФР фиристонида шудаанд, ки аз ҳама кафолатҳои давлатӣ бархурдор мебошанд.  

Март 3, 2010 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд