ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ 50 – СОЛА МЕШАВАД

Март 26, 2010 09:31

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Хизмати Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ барои аҳолии кишвар дар давоми ним асри мавҷудияташ кам нест. Айни замон, 460 корхона ва ташкилот ба аъзогии ҳақиқии Палатаи савдо ва саноат қабул карда шудааст, ки калонтарини онҳо ширкатҳои «ТАЛКО», «Текстилмаш», «Текстил», «Тоҷиккабел», «Зарафшон», «Востокредмет», «Гулистон» ва боз даҳҳо ширкату ҷамъиятҳои саҳҳомӣ мебошанд. Дар давоми 7 соли ахир Палатаи савдо ва саноат ба маблағи 3 млн. 676 ҳазор сомонӣ ба иштирокчиёни ҶБВ, оилаҳои кабизоат, маъюбон ва мактаб – интернатҳо кӯмаки башардӯстона расонидааст. Ба замми ин,  5 ҳазор сокини вилояти Хатлонро аз ташхиси тиббии мутахассисони Федератсияи Русия гузаронида, ба зарардидагони офатҳои табиӣ кӯмаки молиявӣ расонидааст.            

Март 26, 2010 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад