РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШӯРООБОД
Шӯрообод, 3 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Кишоварзони ноҳияи Шўрообод дар соли 2009 майдони киштро ба 17091 гектар расонид, ки нисбати соли гузашта 96 гектар зиёд мебошад, гуфт раиси ноҳия Иброҳим Азизов ӯ афзуд, ки дар ин давра дар майдони 14868 гектар ғаладонагиҳо, 435 гектар зироатҳои техникӣ, 185 гектар картошка, 36 гектар сабзавот ва 1433 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт гузаронида шуда, ҳосили дилхоҳ рӯёнида шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ дар соли сипаригардида дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии ноҳия ба миқдори 29439 тонна ғаладонагиҳо, 4420 тонна картошка, 945 тонна сабзавот, 2493 тонна палезиҳо, 8045 тонна меваҷот, 791 тонна ангур, 1447 тонна гӯшт, 4319 тонна шир, 94 тонна пашм, 42 тонна асал ва 1128 ҳазор дона тухм истеҳсол шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3696 тонна ғалла, 1302 тонна картошка, 66 тонна сабзавот, 881 тонна меваҷот, 68 тонна ангур, 79 тонна гӯшт, 293 тонна шир, 5 тонна пашм, 7 тонна асал ва 165 ҳазор дона тухм зиёд мебошад. Мавриди зикр аст, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ин давра ба 78 миллиону 875 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба нақша 12,8 % афзоиш ёфтааст.








Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






