ШОКИРҶОН ҲАКИМОВ МАҒЛУБ ШУД?

Март 15, 2010 09:50

Душанбе, 15 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндаи Ҳизби Халқи-демократии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудов дар интихоботи такрории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14 март дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Конибодом №19  баргузор шуд,  54,7 % райъи интихобкунандаҳоро соҳиб шуда, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Рақиби вай намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон  Шокирҷон Ҳакимов танҳо 41, 7 фоизи райъро ба даст овард. Тибқи иттилоъи Раиси ҳавзаи якмандатаи интихоботии Конибодом №19 Аҳрор Сарисоқов,  интихоботи такрорӣ дар сатҳи баланд, шаффофу демократӣ сурат гирифта,  дар он беш аз 84 ҳазор райъдиҳандагон иштирок карданд.    

Март 15, 2010 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад