СУДЯ «АВФ» — РО ХАРИДУ ХУДРО ЗИНДОНӢ КАРД

Март 3, 2010 11:09

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шаҳрванд «Д», ки истиқоматкунандаи шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мебошад, бо аризаи даъвогӣ ба Раёсати  Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи ин вилоят муроҷиат намуд, ки судя Ашур Рӯзиев барои озод намудани хешаш, ки тибқи қонун «Дар бораи авф» бояд озод мешуд, 1000 доллари амрикоӣ «хизматона» — ришва талаб дорад. Барои санҷиши ариза гурӯҳи фаврӣ- тафтишотӣ ташкил ёфт ва 18 – уми феврали соли 2010 ба идораи суди шаҳри Қайроққум расида лаҳзаи қабули ришвагириро  интизор гардиданд. Худи ҳамон рӯз ҳангоми амалӣ шудани нияти нопок, Ашур Рӯзиев дастгир шуд. Акнун парвандаи ҷиноятии судяро дар Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд бо моддаи 319 (гирифтани пора) –и КҶҶТ барои аз 5 то 7 сол ба «дорулахлоқ» фиристонидани Ашур Рӯзиев  риштабандӣ мекунанд.  

Март 3, 2010 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд