ТАЪМИНИ БОЭЪТИМОДИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Март 3, 2010 11:32

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Баъд аз баромадани Ҷумҳурии Ӯзбакистон  аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна, аз моҳи январ инҷониб, системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона бо реҷаи муайян фаъолият намуда истодааст. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истифода додани хатти интиқоли барқи (ХИБ) 500 кВ «Ҷануб-Шимол» имконият дод, ки аз системаи энергетикии ҷануби кишвар, тавассути хати мазкур ба шимоли кишвар дар ҳар шабонарӯз ба ҳисоби миёна бо иқтидори то 190 МВт қувваи барқ интиқол дода шавад. Моҳи феврали соли равон аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқи обии ҷумҳурӣ бо иқтидори 314 МВт ва қувваи барқи воридотӣ аз  Ҷумҳурии Ӯзбакистон бо иқтидори 25МВт (ба ҳисоби миёна) ба қадри имкон соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилояти Суғд бо қувваи барқ таъмин карда шуд. Умуман, моҳи феврали соли ҷорӣ дар асоси маълумоти фаврӣ фурӯши қувваи барқ дар вилояти Суғд  175.6 млн. кВт.соатро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки ягона нерӯгоҳи барқи обии амалкунанда дар вилояти Суғд НБО-и «Қайроққум» мебошад. Дар асоси дуруст ба роҳ мондани корҳои омодагӣ аз ҷониби роҳбарияти муассисаи мазкур ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳ дар як шабонарӯз то ба 125 МВт расонида шуд.  Айни замон, бо мақсади таъмини боэътимоди қувваи барқ дар  вилоят аз ҳисоби маблағҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» ва институтҳои байналмилалии молиявӣ, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо ба роҳ монда шудааст.  

Март 3, 2010 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд