ТАНҲО 35 ФОИЗИ КОРХОНАҲО МАҲСУЛОТ ИСТЕҲСОЛ КАРДАНД
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатӣ маҳсулоти истеҳсолшуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 43,5 фоиз афзуд. Дар ин давра аз 816 корхонаҳои истеҳсолӣ 335 корхона тавонист маҳсулоти бештар истеҳсол намояд. Дар моҳҳои январ – феврали соли 2010 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 13 корхона 6 корхона, аз ҷумла, КММ «Ҷавҳарӣ», «Помир Доруворӣ», ҶСШК «Ҳаёти нав» ва «Хаёт» ба андозаи 46,2 фоиз, дар вилояти Суғд аз 242 корхона 115 корхона, аз ҷумла, ҶДММ «Амон», «Шоҳон», «Петролиуми Суғд», «Шароб», «Гулхона» ва «Евроазия — 2005» ба қадри 45,5 фоиз ва дар вилояти Хатлон аз 248 корхона 111 корхона, аз ҷумла, ҶММ «Салоса», «Кангурт», «Шириниҳои Шафоат», «Орди Хатлон» ва «Кӯлоб — Текстайлз» ба андозаи 48,8 фоиз бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 маҳсулот истеҳсол намуданд,- иброз доштанд дар Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар».








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






