ТАНҲО 35 ФОИЗИ КОРХОНАҲО МАҲСУЛОТ ИСТЕҲСОЛ КАРДАНД

Март 30, 2010 10:40

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар  ду моҳи  аввали  соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатӣ маҳсулоти истеҳсолшуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 43,5 фоиз афзуд. Дар ин давра аз 816 корхонаҳои истеҳсолӣ 335 корхона тавонист маҳсулоти бештар истеҳсол намояд. Дар моҳҳои январ – феврали соли 2010 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 13 корхона 6 корхона, аз ҷумла, КММ «Ҷавҳарӣ», «Помир Доруворӣ»,  ҶСШК «Ҳаёти нав» ва «Хаёт» ба андозаи 46,2 фоиз, дар вилояти Суғд аз 242 корхона 115 корхона, аз ҷумла, ҶДММ «Амон», «Шоҳон», «Петролиуми Суғд», «Шароб», «Гулхона» ва «Евроазия — 2005» ба қадри 45,5 фоиз ва дар вилояти Хатлон аз 248 корхона 111 корхона, аз ҷумла, ҶММ «Салоса», «Кангурт», «Шириниҳои Шафоат», «Орди Хатлон» ва «Кӯлоб — Текстайлз» ба андозаи 48,8 фоиз бештар  нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 маҳсулот истеҳсол намуданд,- иброз доштанд дар Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар».

Март 30, 2010 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид