БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ХИТОЙ САНАДҲОИ ДУҶОНИБА БА ИМЗО РАСИДАНД
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 27 апрели соли ҷорӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ян Тзечӣ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот вазирон сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, инчунин ҳамкориҳои ду кишвари дўстро дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин иҷроиши лоиҳаҳои иқтисодиву тиҷоратиро баррасӣ ва роҳҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд. Сипас Ҳамрохон Зарифӣ ва Ян Тзечӣ оид ба соири масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мебошанд, мудобилаи афкор намуданд. Дар мавзӯи вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан Ҷумҳурии Қирғизистон, ки барои ҳар ду кишвар ҳамсоя мебошад, вазирони корҳои хориҷӣ табодули назар намуда, қайд карданд, ки он пурра кори дохилии кишвари Қирғизистон буда, изҳори умед доштанд, ки мардуми Қирғизистон бидуни мудохилаи беруна ба ҳалли ин мушкилӣ ноил хоҳад шуд. Мавзӯи дигаре, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт — баргузории иҷлоси Вазирони корҳои хориҷӣ ва нишасти Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамокрии Шанхай ва омодагии ҷонибҳо ба ин чорабиниҳои барои созмон муҳим буд. Пас аз мулоқот вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой санадҳои дуҷониба, аз ҷумла Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитойро ба имзо расониданд. Худи ҳамон рӯз дар бинои Вазорати савдои Ҷумҳурии Халқии Хитой мулоқоти Зарифӣ бо муовини Вазири савдои Ҷумҳурии Халқии Хитой Гао Хучэн баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи савдо ва иқтисод мубодилаи назар намуда, ба он бањои баланд доданд. Ҳамсӯҳбатон таъкид доштанд, ки сарфи назар аз бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар ду соли охир мубодилаи мол байни ду кишвар босуръат афзоиш ёфт ва соли гузашта ин нишондод ба беш аз як миллиард доллари амрикоӣ расид. Ҳамрохон Зарифӣ ва Гао Хучэн ҳамчунин иҷроиши лоиҳаҳои иқтисодиву тиҷоратиро баррасӣ ва роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






