БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОР СОҲИБИ 3000 СОМОНӢ МЕГАРДАД
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба соли «Маориф ва фарҳанги техникӣ», Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва навиовариҳои беҳтарин дар соҳаи геология озмун эълон карда, барои ихтироъ – 3000 сомонӣ ва навоварӣ ҷойҳои 1, 2, 3-юм мукофотҳои пулӣ таъин кардааст. Озмун як сол идома ёфта, соли 2011 ҷамъбаст мегардад. Ҳамчунин, саридораи мазкур, бо дастуру ҷонибдории Президенти кишвар барои 5 донишҷӯи фаъоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Донишкадаи кӯҳии металлургии шаҳри Чкаловск стипендияи соҳавии «Ганҷи умед» таъсис дод, ки ҳаҷми он 100 сомониро ташкил медиҳад. Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки стипендияи мазкур шурӯъ аз имсол ба донишҷӯёни фаъол дода мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






