МУЛОҚОТИ НАВБАТИИ ВАЗИРОНИ МОЛИЯИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар шаҳри Маскав машварати навбатии чоруми вазирони молия, иқтисод ва роҳбарони Бонкҳои марказии мамлакатҳои ИДМ кушода шуд. Дар он масъалаҳои марбут ба вазъи имрӯзаи иқтисодиёти мамлакатҳои аъзои Иттиҳод, иҷрои нақшаи тадбирҳои муштараки бартараф сохтани оқибати бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва ғайра муҳокима карда мешаванд. Дар мулоқот вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирок дорад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи омори ИДМ, моҳи январи соли равон пешрафти иқтисодии қариб ҳамаи мамлакатҳои ИДМ нисбат ба соли 2009 бештар мебошад. Аз ҷумла, афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти умумии дохилӣ дар Озарбойҷон 9,2 фоиз, Арманистон 2,4 фоиз, Белорусия 1,3 фоиз ва Тоҷикистон 4,2 фоизро ташкил дод. Истеҳсоли маҳсулоти саноат дар ИДМ 8 фоиз афзуд.








Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд






