МУЛОҚОТИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕКИН
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов 31 март дар Пекин бо ёвари вазири корҳои хориҷии ин мамлакат Чен Гопин мулоқот кард. Мусоҳибон роҷеъ ба вазъи имрӯза ва нақшаҳои ояндаи густариши муносибатҳои Тоҷикистону Чин ва ҳамкории ҳар ду мамлакат дар созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай табодули назар намуданд.