НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ЧКАЛОВСК
Чкаловск, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Раиси шаҳри Чкаловск Шавкат Бобоев дирӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки то аввали моҳи апрели соли равон маблағи қарзи корхонаю муассисаҳои шаҳр аз ҳисоби напардохтани андоз 3 миллиону 871,6 ҳазор сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба давраи то 1 январи соли равон 1 миллиону 129,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Яке аз корхонаҳои калонтарини қарздор Мудирияти канали Хоҷабоқирғон ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр 105,5 фоиз иҷро карда шуд. Ш.Бобоев зикр намуд, ки имрӯз дар шаҳр 2428 нафақахӯр зиндагӣ мекунад. Онҳо ба ҳисоби миёна ҳар моҳ 117,4 сомонӣ нафақа мегиранд. Барои додани нафақа дар се моҳи аввали соли равон 723,6 ҳазор сомонӣ лозим буд, вале дар амал 561,7 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуду халос. Музди миёнаи кори ҳармоҳа дар шаҳри Чкаловск 235 сомонӣ мебошад, ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 – ум 13 фоиз зиёд аст. То имрӯз аз ҳисоби надодани музди кору маош маблағи карз 61,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар давоми се моҳи гузашта дар шаҳри Чкаловск 46 ақди никоҳ, 52 вафоти одамон ба қайд гирифта шуд ва 125 кӯдак ба дунё омад. Қайд карда шуд, ки дар ин муддат дар шаҳри Чкаловск 39 ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Вақтҳои охир шумораи баъзе навъҳои ҷиноят, аз ҷумла авбошию қаллобӣ кам шуда, дар баробари ин миқдори куштори бадқасдона, ҷиноятҳои муташаккилона, дуздӣ, ғоратгарӣ, порахӯрӣ ва ҷинояти ноболиғон то андозае бештар гардидаанд. Ш.Бобоев афзуд, ки сабаби зиёд гардидани ҷиноятҳои вазнин аз минтақаҳои дигари мамлакат ба шаҳри Чкаловск омадани теъдоди зиёди одамон мебошад. Танҳо дар соли 2009 аз минтақаҳои дигари мамлакат дар шаҳри Чкаловск қариб 6 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудааст, гуфт вай.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






