ҲОЛАТИ 1974 ГА ЗАМИН БЕҲТАР КАРДА ШУД
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Доир ба беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёишавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 -2014 дар 4 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 1миллиону 166 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом рсонида шуда, ҳолати мелиоративии 1974 га заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида шуданд, ки мутаносибан 17 ва 20 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ барои корҳои сохтмони асосии соли ҷорӣ 8 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои корҳои сохтмонию васлкунӣ 7 млн. 39 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Тибқи нақша, дар соли ҷорӣ 900 га заминҳои нав азхуд карда шуда, ҳолати мелиоративии 270 га замин беҳтар гардонида мешавад,- иброз доштанд дар Кумитаи заминсозӣ,харитасозӣ ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






